Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ба Гурҷистон 200 нозир мефиристад


Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ризоят доданд, ки сар аз моҳи октябр 200 нозири ин созмон дар Гурҷистон дар камарҳои ба истилоҳ "ҳоил", ки аз тарафи Русия дар атрофи минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ташкил шудаанд, ҷойгир шаванд. Ин дархости кишварҳои аврупоӣ буд, ки ихроҷи Русия аз хоки Гурҷистонро дар миён гузошта буданд.

Тибқи созиши Русия ва президенти Фаронса Никола Саркозӣ, ки раҳбарии даврии Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш дорад, Русия бояд дар давоми даҳ рӯз нерӯҳояшро аз хоки гурҷӣ берун кашад. Дар арафаи мулоқоти вазирон тарҳрези сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳавиер Солана гуфт, истиқрори 200 нозир имкон медиҳад, ки нерӯҳои Русия аз Гурҷистон берун шаванд.

Дар ҳоле, ки вазирон ин дархости Соланаро пазируфтаанд, онҳо чизе дар бораи имкони ирсоли нозирон ба худи манотиқи ҷудоихоҳ нагуфтаанд. Ба қавли вазирон, чунин қарор дар марҳилаҳои баъдӣ қабул шуда метавонад. Русия гуфтааст, ки Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ ба нозир эҳтиёҷ надоранд.

Ирсоли нозирон ишораест, ба пуштибонӣ аз Гурҷистон дар баҳси ин кишвар бо Русия. Мамолики ғарбӣ аз Русия талаб намудаанд, ки тамомияти арзии Гурҷистонро эҳтиром кунад. Паёми дабири кулли паймони НАТО Яар де Ҳооп Схеффер низ ҳамин аст. Дирӯз, 15 сентябр, дар пойтахти Гурҷистон аснои маросими ифтитоҳи комиссияи НАТО-Гурҷистон ӯ гуфт, Русия бояд тамоми аносири созиши иборат аз шаш бандро, ки бо миёнаравии президенти Фаронса Никола Саркозӣ ҳосил шудааст, иҷро кунад.

Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба ин мавқеъгирии дабири кулли паймони НАТО баҳои баланд дод.

Вале сарфи назар аз изҳороти мусбати ҷонибҳо шореҳон ба ихтилофҳои амиқи кишварҳои ғарбӣ дар иртибот бо Гурҷистон чӣ дар чорчӯби НАТО ва чӣ дар чорчӯби Иттиҳоди Аврупо ишора мекунанд. Дар арафаи сафари Гурҷистон Яап де Ҳооп Схеффер Иттиҳоди Аврупоро мавриди интиқод қарор дод, зеро ба гуфти ӯ ИА набояд ҳузури нерӯҳои Русия дар манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро қабул мекард.

Маскав мегӯяд, ки ҳадаф дорад, 7600 афсару сарбозашро дар ду минтақаи ҷудоихоҳ ҳифз намояд. Ҳамчунон, сарфи назар аз танқидҳои ғарбӣ Русия сиёсаташ дар Гурҷистонро тағйир доданӣ нест ва баръакс тасмим гирифтааст, истиқлоли ду минтақаи ҷудоихоҳро кафолат диҳад. Президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор намуд, ки рӯи созишҳо имзо гузошта, танзими равобити дипломатӣ бо Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро дастгирӣ мекунад.

Дар ин байн комиссари равобити берунаи Иттиҳоди Аврупо хонум Бенита Ферреро Валднер гуфт, ки комиссияи аврупоӣ - ниҳоди иҷроияи Иттиҳоди Аврупо барои эҳёи иқтисоди Гурҷистон 500 миллион евро тахсис медиҳад.

XS
SM
MD
LG