Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми Осиё-2011: тағйирот дар гурӯҳи «С»


Пас аз пирӯзии дастаи мунтахаби миллии Ҳиндустон дар Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2008 дар ҳайъати ширкаткунандагони гурӯҳи «С» дар Ҷоми Осиё-2011 тағйирот ба амал омад.

Дар ин гурӯҳ се даста - Узбакистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Малайзиё рақобат хоҳанд кард.

Воқеъан, панҷ дастае, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтаанд, маълуманд. Инҳо тимҳои миллии Ироқ (қаҳрамони Осиё), Арабистони Саъудӣ (барандаи ҷоизаи нуқра) ва Кореяи Ҷанубӣ (барандаи ҷоизаи биринҷӣ), дастаи мизбон – Қатар ва ғолиби Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2008 – Ҳиндустон мебошанд.

Ба онҳо 10 дастаи беҳтарини сабқати гурӯҳӣ (аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ), инчунин, барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2010 ҳамроҳ мешаванд.

Бад-ин тартиб, дар даври ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2011 16 тими мунтахаби миллии кишварҳои қорра ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG