Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

16-уми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) маҷмаъи 63-вуми кулли Созмони Милали Муттаҳид ифтитоҳ ёфт.

Барои аввалин бор дар таърихи Созмони милал раҳбарии маҷмаъро шахсияти динӣ бар дӯш хоҳад дошт.

Раиси маҷмаи кулли СММ, роҳиби калисои католики романӣ Мигуел Д-Эското Брокман дар гузашта вазири умури хориҷии Никарагуа будааст.

Сарфи назар аз он, ки маҷмаъ имрӯз кушода мешавад, раҳбарони кишварҳо баҳсҳояшонро ҳафтаи оянда оғоз хоҳанд кард. Баҳсҳо аз 23-уми сентябр то 1-уми октябр давом мекунанд.

XS
SM
MD
LG