Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон ҳамла болои сарбозонашро рад кард


Вазорати мудофиаи ИМА ин хабарро, ки нерӯҳои покистонӣ ба тарафи ду чархболи амрикоӣ оташ кушода, онҳоро аз хоки Покистон ба бозгашт дар самти Афғонистон водор намудаанд, такзиб кард.
Сухангӯи Пентагон Брайан Витман мегӯяд, ки ин хабар нодуруст аст.
Мақомоти амниятии Покистон изҳор намудаанд, ки ҳодиса дар минтақаи Ангор Адда дар ҷануби Вазиристон ба вуқӯъ пайваст.
Ҳафтаи гузашта фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Покистон Ашфақ Кайонӣ гуфт, Покистон иҷозат нахоҳад дод, ки нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар амалиёт пеш баранд.
XS
SM
MD
LG