Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи ҳокими Украина пароканда мешавад?


Тахмин мешавад, ки имрӯз дар ҷаласаи парламенти Украина эътилофи ҳокими ин кишвар расман фурӯ мепошад. Эътилофи зери раҳбарии президенти Украина Виктор Юшенко ва сарвазир хонум Юлия Тимошенко, ки соли 2004-ум "инқилоби норанҷӣ"-ро сарварӣ мекард, моҳи равон фурӯ рехт. Пайравони президент аз эътилоф берун шуданд. Онҳо эътироз доштанд, ки Тимошенко бо ҳизби рӯ ба Маскави собиқ сарвазир Виктор Янукович пайваста, қонунгузории коҳиши салоҳиятҳои президентро дастгирӣ кард. Парламенти Украина барои ташкили эътилофи нав 30 рӯз хоҳад дошт. Агар дар ин муддат эътилофи нав ташкил нашавад, дар Украина интихоботи нав баргузор мегардад.
XS
SM
MD
LG