Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластиниҳо созиши ҷузъии сулҳро қабул надоранд


Имрӯз бо ҳадафи арзёбии созиши сулҳ сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт бо раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос вомехӯрад. Рӯзи душанбе Олмерт, ки бо иттиҳоми фасод рӯ ба рӯ мебошад, пешниҳод кард, ки қабл аз истеъфои ӯ созиши ҷузъии сулҳ бо фаластиниҳо имзо шавад. Вале Аббос гуфт, ки созиши ҷузъӣ ҷо нахоҳад дошт.
Ба қавли шореҳон масъалаҳои душвортарин мақоми шаҳри Байтулмуқаддас ва " ҳаққи бозгашт"-и муҳоҷирони фаластинӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG