Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари туркман вазоратҳои қудратиро танқид кард


Президенти Туркманистон ба хотири бархӯрди мусаллаҳонаи рӯзи шанбе низомиён ва полиси ин кишварро сарзаниш кард. Дар гузоришҳои ибтидоӣ тахмин мешуд, ки бархӯрди мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи ифротгарои динӣ ба вуқӯъ пайвастааст, вале рӯзи якшанбе ҳукумати Туркманистон изҳор намуд, ки полис бар зидди қочоқчиёни маводи мухаддир амалиёт пеш мебарад. Рӯзи душанбе тариқи телевизиони Туркманистон президенти ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов вазоратҳои мудофиа, умури дохилӣ ва амниятро танқид кард ва гуфт, ки онҳо ба таври лозима муҷаҳҳаз набуданду омодагиҳояшон ба бархӯрди мусаллаҳона бад буд.
XS
SM
MD
LG