Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон нерӯҳои Амрикоро роҳ надодааст


Нерӯҳои Покистон нагузоштаанд, то чархболҳои Амрико аз Афғонистон вориди он кишвар шаванд. Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои махсуси Иёлоти Муттаҳида хостаанд, барои анҷоми амалиёт таввасути чархболҳр ба Вазиристони Ҷанубӣ минтақаи қабоилнишини Покистон ворид шаванд, аммо сарбозони ин кишвар ба ҳаво тир андохта ва монеъи вуруди нерӯҳои амрикоӣ шудаанд. Як амалиёти шабеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар ин минтақа дар аввалҳои ҳамин моҳ хашми покистониҳоро барангехт, зеро дар ҷараёни амалиёт 20 нафар аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд. Фармондеҳи артиши Покистон Ашфақ Каёнӣ ҳафтае пеш гуфт, иҷоза нахоҳад дод, то нерӯҳои хориҷӣ ба хоки он кишвар ворид шаванд.

XS
SM
MD
LG