Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон: фишори афзоянда бар мухолифин


Мухолифони низоми кунунии Қирғизистон мегӯянд, ки ахиран ҳукумат фишор болои дигарандешонро беш аз пеш вусъат додааст

Ба гуфтаи Омурбек Тикебоев, раиси ҳизби сосиал-демократи «Ате-мекен», ки намояндагони ҳизби вай аз ширкат дар маъракаи интихоботи шаҳрдорӣ куллан маҳрум шудааст, дар ҳамин ҳол, ҳукумати кишвар ба номзадҳое фишор овардааст, ки худро аз ҳизби «Ате-мекен» ба мақоми вакили шаҳрдорӣ номзад пешбарӣ кардаанд. Ба қавли Тикебоев, аз ҷумла, раиси ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек ба Эмил Темиров ном узви ҳизби «Ате мекен» таҳдид намудааст, ки, агар худро аз ин ҳизб номзад пешбарӣ кунад, вазифаи давлатиро супорад, вале Темиров раъяшро дигар накарда, худро ҳамчун узви ин ҳизб номзад пешбарӣ намуд – коре, ки боъиси аз мақом барканор шудани вай гардид.
Асия Сасиқбоева, раиси маркази «Интербилим», мегӯяд, ки ҳукумат дар арзи вуҷуд намудани чеҳраҳои нави мухолифин мусоъидат кардааст. Чанде қабл сардабири рӯзномаи «Очик сиёсат» («Сиёсати ошкоро») Бобирбек Ҷиянбеков мавриди боздошт ва истинтоқи маъмурини хадамоти интизомӣ қарор гирифт ва, ба ин васила, сафи мухолифони ҳукумат афзуд. Сасиқбоева бо ишора ба боздошти журналист Ҷиянбеков, сардабири рӯзномаи «Очиқ сиёсат», ки аз тарафи ҳукумат нашр он қатъ шудааст, гуфт, ки фишор болои васоити ахбор пурзӯр шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи оқои Ҷиянбеков, гурӯҳи журналистон борҳо ба президент Боқиев муроҷиат кардаанд, ки вазъиятро таҳти назорат гирад ва дар беҳбуди шароит барои хабарнигорон мусоидат намояд, вале ин муроҷиатҳо ягон натиҷаи мусбат ба бор наоварданд.
Рӯзи душанбе порлумони иҷтимоъии Қирғизистон нишасти навбатии худро баргузор кард, ки дар он вазъияти сиёсиву иқтисодии ба таври васеъ муҳокима шуд. Дар он таъкид гардид, ки гурӯҳи мониторинги порлумони иҷтимоъӣ буҳрони барқро таҳлил хоҳад кард ва воқеъияти ҳолро ба мардуми кишвар эълом хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG