Пайвандҳои дастрасӣ

Размоиши нерӯҳои ҳавоии Эрон


Эрон имрӯз размоиши васеъмиқёси нерӯҳои ҳавоии ин кишварро баргузор кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳои “Форс” ва ИСНА тамринҳои низомии нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ дар нисфе аз 30 вилояти Эрон доир шуданд, вале маълум нест, ки ин тамринҳо чӣ қадр идома хоҳанд кард. ИСНА мегӯяд, дар ин тамринот ҳамлаи фарзии душман ва рафъи он таввасути ҳавопаймоҳо озмоиш шудааст. Ва имрӯз Оҷонси Байналмилалии Энержии Атоӣ гуфт, таҳқиқи маълумоти ҷосусӣ доир ба пажӯҳишҳои махфии Эрон барои сохти бомби атомӣ бинобар ҳамкорӣ накардани Эрон ба ҷое нарасидааст. Дар вокуниш ба гузориши мазкур як мақоми расмии Ҷумҳурии Тсломӣ гуфтааст, ки Эрон ҳамкорӣ бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро идома хоҳад дод, то нигарониҳои боқимондаи онро рафъ намояд.

XS
SM
MD
LG