Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Эрон дар гузориши нави СММ


Оҷонси Байналмилалии Энержии Атоӣ мегӯяд, таҳқиқи маълумоти ҷосусӣ доир ба пажӯҳишҳои махфии Эрон барои сохти бомби атомӣ бинобар ҳамкорӣ накардани Эрон ба ҷое нарасидааст. Дар гузориши тозаи ин муассисаи Созмони Милал гуфта мешавад, ки Эрон ба рағми талабҳои созмон ғанисозии ураниумро идома додааст. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ мегӯяд, Эрон феълан бо 3820 сентрифуга ураниум ғанисозӣ мекунад ва дар ҳоли насби 2 ҳазор сентрифугаи дигар аст. Дар вокуниш ба гузориши мазкур як мақоми расмии Ҷумҳурии Тсломӣ гуфтааст, ки Эрон ҳамкорӣ бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро идома хоҳад дод, то нигарониҳои боқимондаи онро рафъ намояд.

XS
SM
MD
LG