Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти NАТО то моҳи декабр доир ба пазируфтани Укроину Гурҷистон ба Нақшаи узвияти паймон ягон тасмим нахоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол, сафирони кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ ҷиҳати ширкат дар нишасти Шӯрои паймон озими шаҳри Тифлис шуданд.
Ин бори авваласт, ки нишасти шӯрои паймони мазкур дар Гурҷистон баргузор мегардад. Аз як тараф, орзуи таҳти қанот гирифтани Гурҷистон ва, аз тарафи дигар, зарурати ҳифзи иртибот бо Русия ҳоло сарони Паймони Атлантики Шимолиро водор ба андеша кардааст.
Нишонаҳои ахири мақомоти Брюссел баёнгари он аст, NАТО Гурҷистон ва Укроинро, ки орзуи пайвастан ба ин созмонро доранд, дар ояндаи қобили пешбинӣ маъюс хоҳад кард.
Мавқеъгирии ҳозираи NАТО нисбат ба Гурҷистон мавқеъгирии эҳтиёткоронаи «каҷ дору марез» аст. Баъзе аз аъзои муҳимми ин паймони низомӣ тарафдори онанд, ки Гурҷистон ҳарчи зудтар ба “нақшаи узвият ба NАТО” пазируфта шавад, аммо баъзеъи дигар аз ин пешниҳод безоранд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарафдори ба нақшаи узвият пазируфтани Укроину Гурҷистон аст, аммо Фаронсаву Олмон, ки моҳи апрел монеъи ингуна тасмимгирӣ дар иҷлоси NАТО шуда, баррасиро ба моҳи декабр қафо андохтанд, ҳоло хомӯшанд. Вале онҳо ғайрирасмӣ ишора кардаанд, ки авзоъ назар ба гузашта бадтар аст.
Ба қавле ҳоло Паймони Атлантики Шимолӣ дар рӯбарӯи тасмими сарнавиштсозе қарор гирифтааст. Гурҷистон ба ҳар роҳ талош дорад, то NАТО-ро ба пазируфтанаш моил кунад. Раисҷумҳур Михаил Саакашвилӣ дар остонаи ин нишаст ба қавле NАТО-ро тарсонд, ки напазируфтани Гурҷистон ба нақшаи узвият метавонад “нишонаи тарсу заъф” ва, ба гуфтаи вай, оғози аз байн рафтани NАТО бошад.
Мизбонии нишасти Шӯрои Атлантики Шимолӣ дар шаҳри Тифлис як навъ барор барои раисҷумҳур Саакашвилӣ аст, ҳарчанд ин нишаст пеш аз ҷанги Русияву Гурҷистон дар моҳи август барномарезӣ шуда буд. Ҳарчанд дар соли 2000-ум Шӯрои паймон як иҷлоси худро дар Укроин баргузор карда бошад ҳам, вале нишасти навбатӣ мисли «хор ба чашми Русия хоҳад халид», ки сафираш дар NАТО Дмитрий Рогозин 11-уми сентябр аз сафирони NАТО хоста буд ба Тифлис нараванд: «Мо аз NАТО хоҳиш мекунем, ки аз боздидҳои сатҳи олӣ ба Гурҷистон худдорӣ варзад, зеро раҳбарони Гурҷистон ингуна боздидҳоро ҳамчун ҳимояти комили сиёсӣ ва хусусан ахлоқии раисҷумҳур Саакашвилӣ талаққӣ мешавад».
NАТО ва Амрико аз ҳомиёни аслии Гурҷистон буда, ошкоро ин кишварро бо абзори низомӣ таъмин карда ва ваъда додаанд, артиши аз Русия зарбахӯрдаи онро аз нав месозанд. Мақомоти NАТО мегӯянд, то моҳи декабр доир ба пазируфтани Укроину Гурҷистон ба Нақшаи узвият ягон тасмим гирифта нахоҳад шуд ва ҳеҷ кишвари ғайр ҳам ба тасмимгирӣ таъсир гузошта наметавонад. Вале паси саҳнаҳои шӯро ҳодисаҳо дигар навъ ҷараён доранд.Масалан, Олмон мегӯяд, Гурҷистону Укроин бояд пеш аз пайвастан ба нақшаи узвият ба меъёрҳои он мувофиқ шаванд. Нақшаи узвият ба NАТО нақшаест, ки бар асоси он кишвари номзад ба узвият бояд ислоҳоти ҷиддии сиёсиву иқтисодӣ анҷом дода, баҳсҳои дохилӣ ва ё баҳсҳои марзии худро рафъ намояд ва қодир ба мусоъидат ба амнияти кишварҳои узв бошад. Аммо ҳоло Гурҷистон, аз гузашта дида, дар ин заминаҳо ҳоли бадтар дорад.
NАТО ҳоло дар як мавқеъи душворе қарор дорад, ки набояд ба назарҳо мисли созмоне бирасад, ки ба Русия таъзим мекунад ва аз тарафи дигар ҳеч яке аз кишварҳои узв намехоҳад бо Русия низ мухолифати ошкор дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG