Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагони НАТО дар Гурҷистон


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яаап Де Ҳуп Схеффер имрӯз вориди Тифлис шуд, то ҳимояти созмон аз Гурҷистонро намоиш диҳад, ки моҳи август бо Русия ҷангид. Ҳайъати 26 нафарии сафирони кишварҳои узви НАТО ба раҳбарии Яаап Де Ҳуп Схеффер ду рӯз дар Гурҷистон қарор хоҳанд дошт. Боздиди мазкур пештар аз муноқишаи Гурҷистон ва Русия бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ барномарезӣ шуда буд. Ҳамзамон бо вуруди мақомоти НАТО ба Тифлис, вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ба боздидҳояш аз Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон поён дод.

XS
SM
MD
LG