Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони аврупоӣ ба Гурҷистон мераванд


Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо иҷоза доданд, то 200 нафар аз нозирони иттиҳодия ба Гурҷистон фиристода шаванд. Ин нозирон авоили моҳи октябр дар минтақаҳои амниятӣ дар атрофи манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ мустақар мешаванд, ки Русия он минтақаҳоро таъсис додааст. Вазирони кишварҳои узв гуфтанд, тасмим доир ба фиристодани нозирон ба дохили Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон дар марҳилаи баъдӣ гирифта хоҳад шуд. Айни замон Кумиссиёни Аврупо эълом кард, ки барои мусоидат ба эҳёи Гурҷистон дар зарфи се соли оянда 500 миллион евро ихтисос медиҳад.

XS
SM
MD
LG