Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрвандони хориҷӣ хонум Гарсиа Ҷонна Гардуоси, табаъаи Филлипин, Макомгоза Азвиндин Флора, шаҳрванди ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, ва Хонзода валади Бутхок, шаҳрванди Афғонистон, аз сӯи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар қочоқи маводди мухаддир муттаҳам шинохта шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир, муҳокимаи додгоҳии ин шаҳрвандони хориҷӣ дар додгоҳ ба анҷом расидааст. Савриддин Тошев, додраси ноҳияи Шоҳмансур, мегӯяд хонум Гарсиа Ҷона Гардоусӣ мехост тақрибан 3 килограмм ҳероинро ба кишвари худ интиқол бидиҳад, вале аз сӯи кормандони идораи гумрук дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд ва акнун бо ҳукми додгоҳ ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст.
Додраси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳамчунин гуфт, ки шаҳрванди африқоӣ низ қасд дошт наздики 6 килограмм ҳероинро тавассути роҳи ҳавоӣ ба Истанбул ба шаҳри Йоҳаннесбург (Африқои ҷанубӣ) интиқол диҳад.
Ба гуфтаи оқои Тошев, ҷинояткори филиппинӣ низ, ки ҳама иттиҳомоти эълоншуда алайҳи худро дар мурофиъаи додгоҳӣ иқрор шудааст, давраи зиндонро дар маҳбаси низоми умумии занона сипарӣ хоҳад кард. Ҳамин манбаъ мегӯяд, ки шаҳрвандони Африқои ҷанубӣ ва Афғонистон аз ҳукми додгоҳ норозигӣ баён кардаанд ва эҳтимол меравад дурустии ҳукмро дар зинаи болоӣ ба баҳс бикашанд.
Гуфта мешавад, ҳам шаҳрванди Филлипин ва ҳам шаҳрванди Африқои ҷанубӣ ба ҳайси сайёҳ вориди Тоҷикистон шудаанд. Вале тафтишот ошкор кардааст, ки интихоби саёҳат ба Тоҷикистон аз сӯи онҳо бо ҳадафи ширкат дар тиҷорати маводди мухаддир пайрезӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҷараёни баррасӣ дар додгоҳ исбот кардааст, ки ин ду шаҳрванди хориҷӣ аз Хонзода валади Бутхок, як шаҳрванди Афғонистон (дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст) маводди мухаддир дарёфт кардаанд. Ва ба ҳамин далел додгоҳ ин афғонистониро барои нигаҳдории маводи мухаддир ва ширкат дар қочоқи он ба 16,5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Бар пояи маводди тафтишот нафаре бо ном ва ё лақаби Ҳаким, ки ҳувият ва шаҳрвандии ӯ то кунун норавшан боқӣ мемонад, дар ҳамаи ин амалиёт ва ҳаракати қочоқи маводди мухаддир бо шаҳрвандони хориҷӣ иштирок кардааст.
Зимнан ин ҷаҳорумиин мавриди ҷазои шаҳрвандони хориҷӣ барои қочоқи мухаддирот дар Тоҷикистон аст. Дар ду ҳафтаи қабл як шаҳрванди угандоӣ низ бо ҳамин иттиҳом ба 19 сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Аммо азбаски Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар мавриди табодул ва ё истирдоди маҳбусон санаде ба имзо нарасонидааст, ин афрод муҳлати ҷазоро дар Тоҷикистон ба поён хоҳанд бурд. Аз тарафи дигар, атбоъи хориҷӣ, бар пояи қавонини афв, аз он гурӯҳи зиндониёнанд, ки дар қадами аввал бахшида мешаванд ва ба ҳамин сабаб баъди адои чанд соли ҷазо ин атбоъи хориҷӣ ба эҳтимоли зиёд ба ватанҳояшон фиристода мешаванд.
XS
SM
MD
LG