Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз зарбаи тӯфони шадиди “Айк” садҳо километр соҳили шарқии ИМА дар атрофи иёлати Техас зери об боқӣ мондааст ва кормандони гурӯҳҳои наҷотдиҳандаи Амрико дар ин шароити изтирорӣ амалиёти наҷотдиҳиро идома медиҳанд.

Дар натиҷаи тӯфон дар баъзе шаҳрҳои бузургу хурди иёлат хатҳои телефон, роҳҳои мошингард, манзилҳо ва муассисаҳои корӣ тахриб гаштаанд. Гуфта мешавад, миллионҳо сокини Техас аз таъмини нерӯи барқ маҳрум шудаанд. Раиси Оҷонси федералии ҳолатҳои изтирорӣ Девид Полисон ба хабарнигорон гуфт, дар минтақаи осебдида аксарияти мардум неруи барқу оби ошомиданӣ надоранд ва ҳамаи нуқтаҳои бензинфурӯшиву мағозаҳо аз кор мондаанд. Ҳадс зада мешавад, ки барои рафъи паёмадҳои ин фоҷеъаи табиъӣ беш аз 18 миллиард доллар лозим хоҳад шуд.

Шаҳрдории Ҳюстон эълон кард, ки дар шаҳр бо сабаби обхезӣ ва имкони тахрибшавии сутунҳои интиқоли барқ ба муддати як ҳафта қуюди шабгардӣ ҷорӣ мешавад. Сардори полиси шаҳри Ҳюстон Ҳаролд Ҳарт эълом намуд, муқарароти шабгардӣ аз 9-и бегоҳирузӣ то 6-и субҳ дар давоми як ҳафта то якшанбеи оянда побарҷо хоҳад буд. Вай афзуд, маҳдудиятҳои шабгардӣ ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон ҷорӣ мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки дар аксарияти қисматҳои шаҳр нерӯи барқ қатъ гаштааст ва шаҳрдори Ҳюстон Билл Вайт аз ширкати барқии Сентр Пойнт Энерҷӣ Инкорпорейтед хостааст, тамоми талошашро ба харҷ супорад, то таъмини шаҳр бо нерӯи барқ дар зудтарин фурсат барқарор карда шавад. Ин ширкат эълом намуд, ки дар умум 2 миллиону сад ҳазор муштариёнаш аз таъминоти барқ маҳрум гаштаанд.

Вайт инчунин хабар дод, ки ба назар мерасад, мушкили таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ҳал шуд. Бо вуҷуди ин, кормандони хадамоти вижа дар баъзе манотиқи шаҳр бо озмоиши фишори об дар лӯлаҳо машғуланд. Оқои Вайт гуфт, бо сабаби обхезӣ фишори об дар лӯлаҳо қаноатмандкунанда нест ва оби атрофи лӯлаҳо имкон намедиҳад, ки ин фишор афзоиш дода шавад.

Шаҳрдор иттилоъ дод, ки ягон нишонаи олоиши оби лӯлаҳо ба назар намерасад, аммо аз сокинон даъват намуд, танҳо оби софро аз шишаҳо барои нӯшидан ва таомпазӣ истифода баранд.

Бо вуҷуди он, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ мардумро дар бораи омадани тӯфон пешакӣ хабар дода буданд, баъзеҳо ҳушдорҳои ҳукуматро нодида гирифта, дар манзилҳояшон боқӣ монданд. Дар натиҷа, баъд аз убури тӯфони Айк гурӯҳҳои Оҷонси ҳолатҳои изтирорӣ бо истифода аз заврақҳо, чархболҳо ва мошинҳои боркаш дар минтақаи осебдида беш аз 2 ҳазор нафарро аз вазъияти ногувор раҳо карданд.

Шаҳрдори шаҳри Галвстон дар муроҷиати телевизиониаш аз сокинони шаҳр даъват намуд, ба манзилҳояшон то эълони вижа бар нагарданд, чунки вазъ ҳамоно хатарнок боқӣ мемонад.

Қарор аст, раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш рӯзи 16 сентябр аз минтақаҳои осебдида боздид кунад.

XS
SM
MD
LG