Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия нерӯҳояшро аз манотиқи ҷудоихоҳ намебарорад


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубии Гурҷистон сафар мекунад. Моҳи гузашта Русия нерӯҳояшро ба ин минтақа фиристода, имкон надод нерӯҳои Гурҷистон онро зери назорати ҳукумати марказӣ қарор диҳанд. Кишварҳои ғарбӣ Русияро бо истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ дар муқобили Гурҷистон муттаҳам мекунанд.
Вале дар ин байн Русия истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ ва минтақаи дигари ҷудоихоҳи Гурҷистон: Абхозистонро низ эътироф карда, бо интиқоди Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА рӯ ба рӯ шуд.
Рӯзи якшанбе Лавров бо раҳбари ҷудоихоҳони Абхозистон Сергей Багапш созиши ҳамкориҳоро, ки шояд рӯзҳои наздик ба имзо расад, арзёбӣ намуд.
Русия мегӯяд, бар пояи созиш нақша дорад, 7600 афсару сарбозашро дар Осетияи Ҷанубиву Абхозистон мустақар намояд. Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Екатерина Ткешелашвилӣ сафари Лавровро "масхара" номид.
Лавров ин иттиҳомро, ки сафари вай бо зиёрати дабири кулли паймони НАТО Яап де Ҳооп Схеффер аз Гурҷистон ҳамзамон мебошад, рад кард. Схеффер дар арафаи сафари имрӯзааш ба Гурҷистон изҳор намуд, ки НАТО ба ӯҳдадориаш содиқ буда, рӯзе Гурҷистону Украинаро ба узвияти паймон мепазирад.
Лавров изҳороти дабири кулли НАТО-ро "номуносиб ва хеле ҳам бемасъулият" номидааст.
Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз дар Брусел раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо расман ирсоли 200 нозири бидуни силоҳ ба Гурҷистонро тасдиқ мекунанд. Онҳо аз 1-уми октябр манотиқеро таҳти назорат мегиранд, ки сарбозони Русия аз он берун мешаванд.

XS
SM
MD
LG