Пайвандҳои дастрасӣ

Попи Ром ҷонибдори мулоқоти дорои моҳият аст


Пешвои калисои католики Романӣ Поп Бенедикт мегӯяд, ки калисои зери раҳбарии ӯ дар паи муколамаи асили миёни динҳо мебошад, вале ин муколама бояд моҳият дошта бошад. Аснои мулоқот бо роҳибони фаронсавӣ дар яке аз калисоҳои ин кишвар Поп гуфт, ки дар ҷаҳони муосир муколамаи миёни динҳо ҳаётан муҳим аст, вале он бояд арзанда бошад.
Изҳороти Поп замоне пахш шудааст, ки ҳар гуна вохӯриҳои миёни динҳо ба вижа нишастҳои муштараки насрониҳову мусулмонон афзоиш ёфтаанд. Бенедикт гуфтааст, ки акнун бояд миёни сӯҳбати бо адаб ва мулоқоте, ки боиси таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мешавад, фарқ гузорем.
Моҳи ноябр Бенедикт бо ҳадафи рафъи каҷфаҳмӣ миёни ду дини бузургтарини олам бо уламои исломӣ вомехӯрад.
XS
SM
MD
LG