Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров дар манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон


Рӯзи душанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар Схинвалӣ бо раҳбари ҷудоихоҳони Осетияи Ҷанубӣ дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Дирӯз Лавров дар шаҳри Сухумӣ бо раҳбари ҷудоихоҳони Абхозистон Сергей Багапш вохӯрда буд. Маскав истиқлоли ҳар ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба расмият шинохтааст.
Муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Гига Бокерия сафари Лавровро "масхара" номид. Ба гуфти номбурда Маскав мехоҳад ду минтақаи ҷудоихоҳро аз они худ кунад.
Дар ҳоле, ки мансабдори баландпояи Русия аз манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон зиёрат мекунад, дабири кулли паймони НАТО Яап де Ҳооп Схеффер тасмим гирифтааст, имрӯз дар пойтахти Гурҷистон бо раҳбарирони ин кишвар мулоқот намояд.
XS
SM
MD
LG