Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи расмии даргириҳо дар Ишқобод


Мақомоти Туркманистон гуфтаанд, ҳодисаи тирандозиҳо дар Ишқобод ба амалиёти полис зидди гурӯҳи қочоқбари мухаддирот рабт дошт.

Дар изҳороти расмии ҳукумат аммо роҷеъ ба мизони хисорот ва талафоти ҷонӣ чизе гуфта намешавад. Ин дар ҳолест, ки тибқи баъзе ҳадсу гумонзаниҳо, эҳтимол меравад, ки дар ин даргирӣ кадом як гурӯҳи исломӣ дахил будааст.

Бо вуҷуди нашри чунин як изҳороте аз ҷониби ҳукумат, дар асл ҳама маълумот роҷеъ ба ҳодисаи тирандозиҳои ахир дар Туркманистон махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Танҳо ҳамин чиз аён аст, ки ҳодисае рӯй додааст.

Холмурод Қиличдурдӣ, хабарнигори бахши туркмании радиои Озодӣ ва як сокини Ишқобод мегӯяд, ки шоеаҳои вирди забони мардум бо изҳороти расмии ҳукумат оиди ин ки гӯё гурӯҳи ҳамлагар қочоқбарони маводи мухаддир будаанд, аслан умумияте надорад. Вай гуфт, ки рӯзи якшанбе шаҳр ором буд, аммо мардум намедонистанд, ки дар асл чӣ мегузарад.

Вай гуфт: "Дар Ишқобод аз ҷониби мақомоти расмӣ ҳеҷ гуна шарҳу тавзеҳе садо надод, радиову телевизион ҳам хомӯшанд. Хомӯш буданд ва мемонанд. Шом, баъди соатҳои 7-8-9 дар шаҳр хомӯшии сартосарӣ фароҳам мешавад, ҳатто нақлиёти мусофирбар ҳам аҳён-аҳён ба назар мерасад. Пеш мардум то соатҳои 12-1-и шаб гардиш мекарданд, ҳоло ҳама хурду бузург баъди соати 7-8-и шом дар хона мемонанд".

Вай афзуд, ки худдории ҳукумат аз огоҳонии мардум дар ин замина, аксариятро асабонӣ кардааст. Бисёриҳо то ҳол намедонанд, ки сарнавишти хешу наздиконашон дар маҳалли ҳодиса, минтақаи Роҳи оҳани мавсум ба Хитровкаи Ашқобод чӣ шудааст. Мақомот баробари шурӯи задухӯрдҳо иртиботи телефониро бо ин минтақа қатъ карданд. Оқои Қиличдурдӣ гуфт, ки сокинони Ишқобод бовар надоранд, ки ҳодисаи ахир ба муборизаи полис бо нашъаҷаллобон робита доштааст.

Вай гуфт: "На, назари мо чунин нест. Албатта, мақомот намегӯянд, ки он мардум аз зиндагии худ норозӣ буданд, бекор буданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ вазъи ин мардумро аз лиҳози ноқаноатмандиҳои иҷтимоиашон арзёбӣ намекунанд. Онҳо ҳатман дар иттиҳомоти худ ба терроризм ва маводи мухаддир такя мекунанд".

Дар ҳамин ҳол, раҳбари ҷунбиши маъруфи демократии Туркманистон Борис Шайхмуродов дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс-Пресс гуфтааст, ки полис бо гурӯҳи мазҳабие, эҳтимолан кадом як гурӯҳи тундрави исломӣ, вориди даргирӣ шудааст. Аммо ин хабарро тавассути манбаъҳои мустақил таъйид кардан амри маҳол аст.

Дар Маскав хабарнигори "Время новостей" Аркадий Дубнов дар сӯҳбат бо Франс-Пресс гуфт, ки манбаъҳои мӯътамади вай дар Ишқобод барояш иттилоъ доданд, ки ҳодисаи ахир дар наздикии як корхонаи тавлиди нӯшоба рӯй дода, гурӯҳи мусаллаҳе дар дохили ин корхона панаҳ бурдааст. Вай афзуд, ки дар ин амалиёт полис аз тонку зиреҳпӯшҳо истифода карааст. Манбаъҳои Дубнов дар Ашқобод гуфтаанд, ки 10 то 20 ҷасади ходимони кушташудаи полис баъди ин задухӯрд ба мурдахонаи Ишқобод интиқол дода шуд.

XS
SM
MD
LG