Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон: Ҳамлагарон қочоқбари нашъа буданд


Мақомоти Туркманистон гуфтанд, ки тирандозиҳои рӯзи шанбе дар Ашқобод ба амалиёти полис оиди безарарсозии гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддир робита мегирад. Мақомоти ин кишвар аммо роҷеъ ба талафоти ҷонӣ ё мизони хисороте, ки дар натиҷаи ин амалиёт пеш омадааст, иттилое пахш накардаанд. Бахши туркмании радиои Озодӣ мегӯяд, ки тибқи гузоришҳои таъйидношуда бо нирӯҳои полис кадом як гурӯҳи номаълуми исломӣ вориди даргирӣ шудааст. Дар ин ҳодиса, ҳамчунин тибқи гузоришҳои таъйидношуда, аз ҳар ду ҷониб чанд нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG