Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Техас ҷустуҷӯи одамон шурӯъ шуд



Дар аёлати амрикоии Техас наҷотбахшон ба ҷустуҷӯи одамоне шурӯъ кардаанд, ки нахостанд дар пешорӯи ҳамлаи тӯфони "Айк" маҳалли зисти худро тарк кунанд. Шиддати "Айк" ҳоло то дараҷаи тундбоди тропикӣ коҳиш ёфтааст. Дар пайи ин ҳодисаи табиӣ милёнҳо сокинони Техас аз дастрасӣ ба барқ маҳрум шуданд. Шишаҳои сохтмонҳои баландошёна шикаста, ҳазорҳо хонаву манзилҳо дар қисмати шимолии халиҷи Мексик зери об рафтааст. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш як бахши аёлатро чун маҳалли мусибатзада баҳо додааст.

XS
SM
MD
LG