Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тафсилоти суқути ҳавопаймои русӣ дар Перм


Як ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот"-и Русия зимни нишаст дар фурудгоҳи шаҳри сибирии Перм суқут кард. Ҳама 88 сарнишин ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия Ирина Андрианова гуфт, ки нишонае аз амали эҳтимолии террористӣ дар ин ҳодиса ба назар намерасад. Вай ҳодисаро чунин тасвир кард:

"Имшаб ҳавопаймои мусофирбари Боинг-737, ки ба ширкати "Аэрофлот-North" тааллуқ доштааст, суқут кард. Ҳавопаймо аз Маскав ба Перм парвозе анҷом дод. Соати 12-и шаб он фурудгоҳи Маскавро тарк карда соати 3:13, дар баландии 1800 метр ҳама иртибот бо ҳавопаймо қатъ шуд. Ҳавопаймо дар қисмати ҷанубу ғарби шаҳри Перм, дар як маҳаллаи беодами дурдаст суқут кард. Дар замин осори талафоту қурбониҳо ва харобиҳо ба назар намерасад. Баробари бархӯрд бо замин ҳавопаймо мунфаҷир шуд ва оташ гирифт. Соати 4:50 сӯхторе, ки дар маҳалли таркиш ба вуқӯъ пайваст, хомӯш карда шуд. Ҳама онҳое, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, яъне 82 мусофир ва 6 халабон, ба ҳалокат расиданд. Ҳоло дар маҳалли ҳодиса гурӯҳҳои имдодрасон ва хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ, дар маҷмӯъ беш аз 300 нафар амал мекунанд".

Дар натиҷаи ин фоҷеа, бахше аз роҳи оҳани Сибир ҳам хароб шудааст.
XS
SM
MD
LG