Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷароҳати 4 фаластинӣ дар Каронаи Ғарбӣ


Дар натиҷаи задухӯрди артиши Исроилу сокинони шаҳракҳои яҳудинишин бо фаластиниҳо дар Каронаи Ғарбӣ, дасти кам чаҳор фаластинӣ ҷароҳат бардоштанд. Задухӯрд замоне ба миён омад, ки як марди фаластинӣ вориди Каронаи Ғарбӣ шуда як писари нӯҳсолаи яҳудиро корд зад. Писарбача ҷароҳати сабук бардошт. Фурсати андаке баъди ин ҳодиса, ҳудудан 150 сокини шаҳракҳо ба деҳаи наздиктарини фаластинӣ ҳамла бурда ба сӯи онҳо оташ кушоданд ва боиси сар задани даргириҳо шуданд. Низои баамаломада бо талоши нирӯҳои амниятӣ хотима дода шуд.
XS
SM
MD
LG