Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси гурҷӣ дар наздикии Абхозистон кушта шуд


Вазорати дохили Гурҷистон гуфт, ки як афсари полиси Гурҷистон дар наздикии минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон аз тири туфанге ба ҳалокат расид. Сухангӯи вазорат Шота Утиашвилӣ гуфт, ки ходими полис дар посгоҳи полиси Гурҷистон қарор дошт, вақте дар соати тақрибан дуи маҳаллӣ аз самти посгоҳи наздиктарине, ки дар он сарбозони Абхозистон ва Русия мустақар ҳастанд, тире ба ин тараф холӣ шуд. Ҳанӯз тафсилоти ин ҳодиса дар даст нест.
XS
SM
MD
LG