Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар пойтахти Туркманистон


Маркази Ишқобод - пойтахти Туркманистон
Маркази Ишқобод - пойтахти Туркманистон

Аз Туркманистон хабар мерасад, ки шаби гузашта миёни нерӯҳои амниятӣ ва гурӯҳи номаълуми исломӣ тирандозиҳои шадид ба амал омадааст.

Бахши туркмании радиои Озодӣ роҷеъ ба талафоти ҷонӣ дар ҳарду ҷониб хабар медиҳад. Сафорати Амрико дар Ишқобод хабари даргириҳоро дар пойтахти Туркманистон таъйид кард, аммо то ҳанӯз тафсилоти ин рӯёрӯиҳо дар даст нест. Расонаҳои таҳти контроли давлати Туркманистон ҳам дар ин мавзӯъ хомӯширо ихтиёр кардаанд.

Хабарнигорони радиои Озодӣ, ки талош карданд ба маҳалли тирандозиҳо роҳ ёбанд, бо монеъаҳои полис рӯбарӯ шуданд. Холмурод Қиличдурдӣ, хабарнигори радиои Озодӣ, ки дар Ишқобод ба сар мебарад, гуфт, ки дар давоми шаб садои тирандозиҳову таркишҳоро шунидааст:

"Ман бо гӯши худ садои таркиш ва тирандозиҳоро шунидам. Мо ҳеҷ гоҳ шоҳиди чунин як ҳодисае нашудаем. Мо дар аввал ҳеҷ фикр накардем, ки шояд он ҷо задухӯрде бошад. Аммо вақте ки тирандозиҳо тамоми шаб идома кард, ҳеҷ имкони нодида гирифтани он набуд".

Оқои Қиличдурдӣ гуфт, ки мардум ҳаросон шуданд. Чунки дар аввал ҳама фикр кард, ки ин як оташбозӣ аст, аммо вақте рафта бо чашми худ диданд, зуд дарк карданд, ки ин ҷо гапи дигаре ҳаст. Рӯзи шанбе хиёбонҳои пойтахти Туркманистон беодам буд. Ба гуфтаи хабарнигори радиои Озодӣ, задухӯрдҳо дар наздикии истгоҳи Роҳи оҳан, ки чун маҳаллаи бо исми "Хитровка" маъруф аст, шурӯъ шуд. Ин маҳал дуртар аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад.

Вай гуфт, ки феълан душвор аст гуфтан, ки оё чӣ гурӯҳ, ё касоне бо полис вориди даргирӣ шуданд: бархе мегӯянд, ки онҳо исломиҳо буданд, ҳарчанд ин хабар феълан ғайри қобили таъйид аст. Инчунин хеле сахт аст гуфтани ин ки оё дар ин ҳодиса чӣ миқдор одамон мурда ва ё ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳарчанд тибқи баъзе хабарҳо, гуфта мешавад, ки дар миёни қурбониҳо чанд афсари полис ва ҳамлагарон буданд. Тибқи ҳамин манбаъ, барои муқобила бо гурӯҳи мусаллаҳе полис аз танку тӯпхона истифода кардааст.

Хабарнигори Озодӣ дар Ишқобод Холмурод Қиличдурдӣ мегӯяд, ки роҷеъ ба ҳодисаи рӯйдода мақомоти расмӣ ҳеҷ иттилое пахш намекунанд. Аммо ба иттилои бахши туркмании радиои Озодӣ, шаби ҷумъа ба шанбе раиси ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нишасти изтирории аъзои кабинаи ҳукуматро баргузор кардааст.

Қиличдурдӣ афзуд: "Ҳеҷ кас намедонад ва ҳеҷ кас ҳам намегӯяд, ки чанд нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳукумат ҳам ҳеҷ иттилое пахш намекунад. Аз ҳамин хотир ҳам овозаҳои мухталиф хеле зиёд аст. Мо дишаб телевизион тамошо кардем, аммо он ҷо ҳам ҳеҷ иттилое пахш нашуд. Онҳо мисли ҳамеша консерт медоданд ва мисли ҳамеша гузоришҳо роҷеъ ба пешрафтҳои Туркманистон пахш мешуд".

Ба иттилоъи ин манбаъ, садои тиру тунфанг субҳ хомӯш шудааст. Ва хабарнигороне, ки хостанд ба маҳалли ҳодиса субҳи шанбе роҳ ёбанд, аз ҷониби полис манъ шуданд. Вай инчунин гуфт, ки имконияти телефон кардан ба сокинони Хитровка ҳам вуҷуд надорад, чунки хатҳои телефон ҳама буридаву қатъ шудааст. Ҳарчанд расман мақомоти Туркманистон ва ҳеҷ гуна қуюди шабгардиро ҷорӣ накардаанд, аммо нерӯҳои амниятӣ ба мардуми маҳаллӣ гуфтаанд, ки баъди соати 19 манзилҳои худро тарк накунанд.

XS
SM
MD
LG