Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи "ҳаюло" ба Техас


Тӯфонеро, ки мардум аллакай ба вай "ҳаюло" ном гузоштаанд, ба аёлати Техаси Амрико ҳамла кардааст. Тундбоди "Айк" то ба соҳилҳои шаҳри бандарии Галвестон расида манзили 100 ҳазор сокини маҳаллиро бо хатар рӯбарӯ кардааст. Дар пеши роҳи ин гирдбоди ваҳшатнок шаҳри чаҳоруми бузургтарини ИМА Ҳюстон қарор дорад, ки манзили панҷ миллион нафар мебошад. "Айк"-ро донишмандон чун тундбоди ғайримуқаррарӣ сифат додаанд, ки масоҳаташ 1000 километр буда шиддати бодҳоаш 180 километр дар як соатро ташкил медиҳад. Мардум дар ҳаросанд, ки мизони хисороти тӯфон метавонад фоҷеаҳои зиёд ба дунбол дошта бошад.
XS
SM
MD
LG