Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русҳо Потиро тарк карданд


Рӯзи шанбе нирӯҳои Русия панҷ посгоҳи низомиро дар беруни шаҳрҳои Потӣ ва Сенакӣ тарк карданд. Мақомоти ҳарду ҷониб ҳам ин хабарро таъйид карданд. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки хуруҷи нирӯҳо мутобиқи созишномаи ахири миёни Русияву Фаронса басташуда сурат мегирад ва тибқи он Маскав муваззаф аст, ки то 15 сентябр бахши аввали нирӯҳояшро аз хоки Гурҷистон берун кунад. Дар айни замон, Маскав гуфтааст, ки ҳазорҳо сарбозонашро дар қаламрави ҷумҳуриҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон мустақар хоҳад кард. Истиқлолияти ин ҷумҳуриҳо ахиран аз ҷониби Русия ба расмият шинохта шудааст.
XS
SM
MD
LG