Пайвандҳои дастрасӣ

Таъмири посгоҳи сарҳадӣ бо кӯмаки Амрико


Маросими ифтитоҳи посгоҳи сарҳадбонии Сари Ғор

Маросими ифтитоҳи посгоҳи сарҳадбонии Сари Ғор

Бо кӯмаки молии сафорати Амрико посгоҳи сарҳадбонӣ дар минтақаи Сари Ғори вилояти Хатлон таъмир ва ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ин посгоҳи сарҳадбонӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон намояндаи сафорати ИМА дар Душанбе хонум Ниша Квост, генерал-майор Шараф Файзуллоев - муъовини аввали фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва намояндаи минтақавии СММ Ҷеймс Каллахан ширкат варзиданд.

Бошишгоҳи сарҳадбонии Сари Ғор бо маблағи 425 ҳазор доллар кӯмаки сафорати ИМА таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гаштааст. Ин яке аз силсилатарҳҳои кӯмаки сафорати Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои таҳкими амнияти наздисарҳадӣ ва мубориза бо гардиши маводи нашъаовар гуфта мешавад.

Дар чаҳорчуби кӯмакҳои Амрико феълан ҳамчунин навсозии се посгоҳ ва пойгоҳи сарҳадбонӣ дар минтақаи Шӯрообод идома дорад.

XS
SM
MD
LG