Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров аз минтақаҳои ҷудоихоҳ боздид мекунад


Хабагузориҳои Руссия иттилоъ додаанд, ки ҳафтаи оянда Сергей Лавров-вазири хориҷаи Руссия аз минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубӣ боздид мекунад. Бино ба гузоришҳо, қарор аст рузи якшанбе Лавров бо мақомот дар Сухумӣ-пойтахти Абхозистон ва рузи душанбе дар Тсхинвалӣ-пойтахти Осетиёи Ҷанубӣ мулоқот кунад. Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ Руссия бо ин ду минтақаи ҷудоихоҳ муносиботи дипломатӣ барқарор кард. Андрей Настеренко-сухангуи вазорати хориҷаи Руссия гуфтааст, Маскав ба нақша гирифтааст, ки бо ин ду минтақа қарордодҳои ҳамкорӣ имзо кунад.

XS
SM
MD
LG