Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди Медведев дар мавриди Гурҷистон


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Руссия гуфтааст, бо вуҷуди ин ки Гурҷистон устуворона роҳи узвият дар паймони НАТО-ро мепаймояд, вале Руссия бидуни дудилагӣ ба он ҳамла хоҳад кард, агар шароити муноқишаомезе мисли муноқишаи моҳи гузашта пеш ояд. Вай зимни суханони худ дар мулоқоти солонаи Бошгоҳ ё Клуби Валдай ва гуруҳи коршиносони Руссия гуфт:
"... чӣ хоҳад шуд, агар Гурҷистон барномаи амали узвият дар НАТО дошта бошад? Ман ин дафъа ҳам дар тасмимгирӣ мисли дафъаи гузашта мунтазир нахоҳам шуд ".
Медведев афзуд, узвияти Гурҷистон дар НАТО ҳам барои ин паймони ғарбӣ ва ҳам барои минтақаи Қафқоз омили барҳамзанадаи субот хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG