Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон ва амалиёти низомии ИМА дар хоки он


Фармондеҳони артиши Покистон дар поёни мулоқоти дурузаи худ дар мавриди ҳимоя аз тамомияти арзии кишвари худ эъломия пахш карданд.

Изҳороти фармондеҳони артиши Покистон дар ҳоле пахш мешавад, ки бомдоди рузи 12 сентябр як мушаки шубҳанок ба Вазиристони Шимолӣ, дар минтақаи наздик ба марзи Афғонистон партоб шуд ва дар натиҷа беш аз даҳ нафар кушта шуданд. Дар ин минтақаи марзӣ аслан қабилаҳо ба сар мебаранд. Баъзе хабаргузориҳо ишора кардаанд, ки ин мушак эҳтимолан аз ҳавопаймои амрикоӣ партоб шудааст.

Се рузи пеш Ашфақ Каёнӣ-раиси ситоди артиши Покистон аз ҳамлаҳои фаромарзӣ интиқод кард ва гуфт, ин ҳамлаҳо тавассути нируҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико аз хоки Афғонистон анҷом мегиранд. Мулоқоти дурузаи фармондеҳони артиш низ зери раёсати вай баргузор шуд. Ашфақ Каёнӣ хитоб ба фармондеҳони артиш гуфтааст, барои дифоъ аз тамомияти арзии кишвараш ва дифоъ аз мардуми он зери раҳбарии ҳукумати нави демократи Покистон аз ҳамаи навъҳои нируи миллӣ истифода хоҳанд кард.

Чунин изҳороти шадид-ул-лаҳни Покистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти фаромарзии нируҳои эътилофи байнулмиллалии зери фармондеҳии Амрико дар қаламрави Покистон 15 нафар кушта шуданд. Ҳукумати Покистон ин амалиётро ба истилоҳи худаш "шармовар" хонд ва гуфт, ки дар ин амалиёт мардуми ғайринизомӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Аммо дарёсолор Майкл Мулен - раиси ситоди артиши Амрико гуфт, ки вай ба низомиёнаш дастур додааст, то стротегияи нав ба нақша бигиранд ва тундравҳо натавонанд дар қаламрави Покистон барои худ паноҳгоҳи амн биёбанд.

Покистон ва Амрико дар ҷанг бар зидди террор муттаҳиди якдигаранд. Бо вуҷуди ин, баъд аз амалиёти фаромарзии нируҳои эътилофи байналмилалии мустақар дар Афғонистон, ки дар манотиқи қабиланишини Покистон анҷом мегирад, самимият дар муносиботи Покистону Амрико то андозае коҳиш ёфтааст. Вазиристони Шимолӣ аз манотиқест, ки ҳукумати Покистон дар он ҷо камтар тасаллут дорад ва аносири тундгаро дар он ҷо паноҳ меёбанд.

XS
SM
MD
LG