Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО:Барои кишварҳои Болтик дифоъи вижа зарур нест


Яап Де Ҳуп Скеффер-Дабири Кулли паймони НАТО мегуяд, вай барои кишварҳои Каронаи Болтики узви НАТО зарурати тадвини барномаи вижаи дифоъро намебинад. Оқои Скеффер ин нуктаро дар Рига дар мулоқот бо вазирони хориҷаи кишварҳои Каронаи Болтик изҳор дошт. Онҳо изҳор доштанд, ки баъд аз ҳамлаи Руссия ба Гурҷистон нигарониҳо афзоиш ёфтааст. Латвия Литва ва Эстония-кишварҳои Шуравии собиқ соли 2004 ба узвияти НАТО даромаданд, вале то ҳол аз муносибати Маскав нигаронанд. Ҳафтаи гузашта Курт Волке-намояндаи Амрико дар НАТО гуфт, ки бояд бо анҷоми машқҳо ва барномарезиҳо НАТО ишора кунад, ки ба кишварҳои узв дар Каронаи Болтик кумак мекунад.
XS
SM
MD
LG