Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон чун Тоҷикистон аз захираҳои зиёди обу барқ бархурдор аст, вале дар ин кишвар низ интиқоли барқ маҳдуд хоҳад шуд.

Татяна Одуванчик, сухангӯи Вазорати саноат ва барқи Қирғизистон мегӯяд, беш аз 14 миллион киловатт соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз ҳамчун лимит ҷудо шудааст.

Гуля Муроталиева, сухангӯи ширкати «Северэлектро» ба радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди эҳсоси камбуди нерӯи барқ истифодаи он дар баъзе воҳиди муассисоти давлатӣ маҳдуд нашудааст. Хонум Муроталиева гуфт, ба ин гурӯҳ бемористон, вазорати дифоъ, кумитаи марзбонӣ, хадамоти ҳавонавардӣ, роҳи оҳан, марокизи ҳимоят аз солмандон шомиланд.

Ба гуфтаи Гуля Муроталиева, дар хонаҳои баландошёна, ки барои омода кардани ғизо аз барқ истифода мекунанд, шаш соат дар як шабонарӯз нерӯи барқ қатъ мешавад. Сухангӯи ширкати «Северэлектро» гуфт, президент Қурмонбек Боқиев мардумро итминон дод, ки дар мавриди таъмини нерӯи барқ, гармӣ ва оби гарм зимистони оянда ягон мушкилот пеш нахоҳад омад.

Коршиносон мегӯянд, Қирғизистон ба шумули кишварҳое шомил буд, ки нерӯи барқ содир мекард. Аммо дар ин авохир ба далели паст рафтани сатҳи обанбори Тухтагул эҳтиёҷ ба нерӯи барқ дар Қирғизистон беш аз пеш афзудааст. Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, ки бо Қазоқистон ҷиҳати харидории 250 миллион киловатт соат қарордод ба имзо хоҳад расонид. Ба гуфтаи Игор Чудинов, ҳамчунин, мақомоти кишвараш бо Ӯзбакистон низ вориди гуфтугуст, то дар фасли сармо аз ин кишвар нерӯи барқ бихарад.

Нахуствазир таъкид кардааст, ки кишвараш бо Тоҷикистон, ки дар мавриди камбуди барқ бо Қирғизистон дар як радиф қарор дорад, натавонист, роҷеъ ба содири нерӯи барқ созишнома ба имзо расонад.

XS
SM
MD
LG