Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди 10 соли зиндон ба Ярузелский дар Лаҳистон


Генерал Войсех Ярузелский-раҳбари даврони куммунистии Лаҳистон барои таҳмили режими низомӣ дар соли 1981 ба додгоҳ кашонда шудааст. Як ҷо бо Ярузелский 8 нафари дигар аз мақомоти расмии собиқ низ барои саркубии ҷунбиши Солидарити ё Ҳамбастагӣ, ки боъиси куштори даҳҳо нафар шудааст, таҳти мурофиаи додгоҳ қарор доранд. Ярузелский мегуяд, вай маҷбур будааст барои ҷилавгирӣ аз таҷовузи Шуравӣ ба Лаҳистон бар зидди Ҳамбастагӣ мубориза кунад. Ярузелский 85 сол дорад ва саломатиаш хуб нест. Агар гуноҳи вай исбот шавад, вай 10 сол маккум ба зиндон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG