Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи ҷангсолори афғон дар Нию Йорк шуруъ шуд


Дар Нию Йорк мурофиаи додгоҳи як афғон шуруъ шуд, ки барои махфӣ доштани миқдори зиёди ҳероин ба маблағм 50 милён доллар муттаҳам дониста мешавад. Вай қасд доштааст, ин миқдор ҳероинро дар Амрико ба савдо занад. Ин мард Башир Наврузӣ ном дорад ва додситонӣ гуфтааст, вай ҷангсолори тавоное будааст, ки аз даромади маводи мухаддир нируҳои мусаллаҳи худро ташкил ва барои ба қудрат расондани Толибон кумак кардааст. Аммо вакили мудофеъи вай бар хилофи ин изҳороти додгоҳу додситонии Амрико гуфтааст, ки Наврузӣ аз наздикони Амрико буд ва пешниҳод карда буд, ки дар мубориза бар зидди терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз нируи вай истифода кунанд. Вале мақомоти интизомии Амрико аз кумаки вай истифода накардаанд, балки вайро зиндонӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG