Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни асосии Тоҷикистон ва интихоби мазҳаб


Идибек Зиёев

Идибек Зиёев

Дар ҷаласаи бахшида ба 17-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ро Cоли бузургдошти Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) эълон кард.

Нуъмон бинни Собит, ки «Абӯҳанифа» исми хонаводагии ӯ буд, соли 699 дар хонаводае эронитабор дар шаҳри Куфа (воқеъ дар Ироқи имрӯза) ба дунё омадааст. Имом Абӯҳанифа бо исми Имоми Аъзам маъруф аст, ки соли 2009 аз таваллуди ӯ 1310 сипарӣ мешавад. Имоми Аъзам аз шахсиятҳои шинохта ва маъруфи олами ислом аст, ки дар ҳоли ҳозир дар саросари ҷаҳон 600 миллион аз мазҳаби ӯ пайравӣ мекунанд.
Мазҳаби Ҳанафия яке аз чаҳор мазҳаби асосии аҳли тасаннун аст, ки ба бовари диншиносон нисбат ба мазоҳиби дигари исломӣ муътадилтар ба ҳисоб меравад ва пайравони он имрӯз дар Туркия, Осиёи миёна, Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Покистон ва бархе аз кишварҳои арабӣ ба сар мебаранд.
Мардуми Тоҷикистон (ба истиснои сокинони вилояти Бадахшон, ки аз ҷараёни исмоилия пайравӣ мекунанд) низ Имом Абӯҳанифаро пешвои мазҳабии худ медонанд. Аммо ангезаи асосии як чунин пешниҳод аз тарафи раисҷумҳур аз чӣ иборат аст? Ва оё, дар воқеъ, ин пешниҳод бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз нуфузи равияи Салафия сурат гирифтааст ва, аз тарафи дигар, оё бо ин пешниҳод асли ҷудоии дин аз давлат, ки Қонуни асосии Тоҷикистон замонати онро додааст, нақз намешавад?
Ин суъолҳо моро ба пои суҳбати Идибек Зиёев, сардори раёсати дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бурд ва, инак, посухҳои як масъули умури дини давлати Тоҷикистон пешкаши шумо.
Барои комилан шунидани ин суҳбат вожаи «Бишнавед»-ро пахш кунед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG