Пайвандҳои дастрасӣ

10 кушта аз партоби мушаки шубҳанок дар Покистон


Хабаргузориҳо аз қавли мақомоти расмии Покистон иттилоъ медиҳанд, ки як мушаки машкук ба минтақаи Вазиристони Шимолӣ воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон партоб шудааст, ки дар натиҷа 10 нафар кушта шудаанд. Гузоришҳо мегуяд, эҳтимол меравад, ки ин мушак аз ҳавопаймои амрикоӣ андохта шуда бошад. Вале нируҳои Амрико дар ин бора тавзеҳот надодаанд. Ҳукумати Покистон ва низомиёни он ба ин амал эътироз кардаанд.
XS
SM
MD
LG