Пайвандҳои дастрасӣ

Олимпиадаи Пекин: ҷамъбаст ва натиҷаҳо


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» бо хабари тоза дар бораи Бозиҳои 13-уми паралимпӣ, ки дар шаҳри Пекин бо ширкати беш аз 4 ҳазор варзишгари маълул аз 148 кишвари ҷаҳон дар 20 риштаи варзиш ҷараён доранд, оғоз мешавад. Шарафи Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо ду нафар дар риштаи пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ ҳимоя мекунанд. Зайтуна Розиқова дар вазни то 48 кг байни 9 нафар дар ҷои охирин қарор гирифт. Люси Огечукве Эҷике, аз Нигерия, ки дар ин вазн қаҳрамони Бозиҳо гардид, бо натиҷаи 130 кг рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Вазнабардори дигари тоҷик Хайруллоҳ Абдураҳимов дар вазни то 67, 50 кг рӯзи 13-уми сентябр бо вазнабардорони 14 кишвар рақобат хоҳад кард.

Инчунин дар ин барнома дар бораи ҷамъбасти давраи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бо пирӯзии дастаи «Регар» ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода ба анҷом расид, маълумот дода мешавад.

Натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин-2008 имрӯзҳо мавриди муҳокимаи ташкилотҳои варзишии кишвар, мутахассисону коршиносони соҳа қарор гирифтааст. Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо олими варзидаи соҳаи варзиш профессор Анвар Бобоҷонов.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG