Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯзи ёдбуд Маккейн ва Обама ҳамроҳ буданд


Дар рӯзи ёдбуди қурбониҳои ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001-ум довталабҳои курсии президенти ИМА Ҷон Маккейн ва Барак Обама ҳамчун нишони ваҳдати миллӣ якҷоя аз макони тахрибшудаи Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат зиёрат карданд. Маккейни ҷумҳурихоҳ ва Обамаи демократ бо сӯхторхомӯшкунандагон, афсарони полис ва дигар иштирокчиёни рафъи ҳамлаҳои террористон вохӯрданд.
Рӯзи панҷшанбе аксари сокинони ИМА ба ёди наздик ба 3000 қурбонии ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001-ум дақиқае хомӯширо риоят намуданд. Президенти ИМА Ҷорҷ Буш дар ин бора мегӯяд:
" Аз замони ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр нерӯҳои мо ҷанг бо террорро аз қаламрави кишварамон берун бароварданд., то мо бо онҳо дар хонаамон рӯ ба рӯ нашавем. Ба шарофати заҳмати занону мардони ҷасуре, ки амнияти моро таъмин мекунанд, дар давоми 2557 рӯзи гузашта дар хоки Амрико дигар ҳамлае рӯй надодааст."
Террористони марбут бо шабакаи Ал-Қоида масъули ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001-ум ба шумор мераванд. Онҳо бо чор ҳавопаймои рабудашуда болои шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вашингтон ҳамла карданд. Яке аз ҳавопаймоҳо дар наздикиҳои Шанксвили аёлати Пенсилвания ба замин бархӯрд.

XS
SM
MD
LG