Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 100 ҷангҷӯй дар Покистон


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, рӯзи панҷшанбе бар асари бархӯрдҳои мусаллаҳона дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Афғонистон наздик ба 100 ҷангҷӯй кушта шуданд. Як мансабдор, ки нахост номаш ошкор шавад, иброз доштааст, ки бархӯрд дар минтақаи Баҷаур ба вуқӯъ пайваст ва аксари кушташудагон "хориҷӣ" ҳастанд. тибқи гузоришҳо дар бархӯрд ду сарбози ҳукуматӣ низ ҳалок шудаанд. Афзоиши ошӯбҳо дар Афғонистон фишор болои Покистонро бештар намуд. Ба хусус ИМА ва Афғонистон талаб доштанд, ки Покистон ба рафтуомади байни марзии ҷангҷӯён хотима бахшад.
XS
SM
MD
LG