Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олмерт: Баъди интихобот фавран ба истеъфо меравам


Сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт изҳор намуд, ки моҳи равон баъди интихоби раҳбари нави ҳизбаш ӯ фавран ба истеъфо меравад. Олмерт бо фасод муттаҳам мешавад. Дар моҳи июл сарвазири Исроил гуфта буд, ки моҳи сентябр баъди интихоби раҳбари нави ҳизби ҳокими Кадима ӯ аз мансаб барканор мешавад.
Бо пахши изҳороти рӯзи панҷшанбе Олмерт мехоҳад собит кунад, ки ӯ воқеан ба истеъфо меравад.
Дар баъзе хабарҳо омадааст, ки низоми сиёсии Исроил ба қадри кофӣ печида аст ва сарфи назар аз хоҳишаш Олмерт метавонад то соли оянда дар сари қудрат монад.
XS
SM
MD
LG