Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳдудияти бештари истифодаи барқ дар Тоҷикистон


Ширкати давлатии "Барқи тоҷик" хабар додааст, ки сар аз имрӯз интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон маҳдудтар мешавад. Намояндаи ин ширкат ба хабаргузории "Авасто" гуфтааст, ин тасмим бар асари коҳиши об дар рӯдхонаи Вахш гирифта шудааст. Маҳдудият дар истифода нерӯ ва интиқоли бонавбати он ба минтақаҳо дар Тоҷикистон аз якуми сентябр шурӯъ шудааст, аммо сокинони бисёре аз деҳоти кишвар шикоят мекунанд, ки ин нақша низ бо баҳонаҳои гуногун риоя намешавад.
XS
SM
MD
LG