Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозии дигар ба милиса дар Исфара


Як корманди дигари милиса дар ноҳияи Исфара ҳадафи тир қарор гирифта, захмӣ шудааст. Намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфтааст, ҳам дар ин ҳамла ва ҳам дар тирандозӣ ба ду корманди полис дар Чоркӯҳ аз тарафи афроде анҷом шудааст, ки ба Ҳаракати исломии Узбакистон даст доштаанд. Ин манбаъ мегӯяд, ба камияш ҳувияти яке аз ҳамлаварон муайян шудааст. Гумон меравад, ҳамлаварон ба қаламрави Қирғизистон паноҳ бурдаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои боздошт ва истирдоди гумонбаршудагон ба мақомоти Қирғизистон муоҷиат кардааст.
XS
SM
MD
LG