Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз стротежии нави Амрико истиқбол кард


Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, аз тағйири стротеҷии Иёлоти Муттаҳида дар ҷанги зидди терроризм, ки амалиёти ҳарбӣ дар даруни Покистонро низ фаро гирифтааст, истиқбол кард. Изҳороти Карзай дар ҳоле садо медиҳад, ки сардори Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, Майк Маллен, баҳам задани паноҳгоҳи ситезаҷӯён дар Покистонро шарти аслии пирӯзӣ дар ҷанг бо терроризм номид. Вай гуфт, ошӯбгарон дар Афғонистон аз соли 2006 ба ин сӯ "иддаъои бузургтар, пешрафти таслиҳотӣ ва ҳамоҳангии бештар" пайдо кардааст.
XS
SM
MD
LG