Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Радослав Сикорский, вазири умури хориҷаи Лаҳистон музокирот бо ҳамтои русаш Сергей Лавровро “муфид” ва “пурбор” номид.

Дар нишасти хабарии муштарак Радослав Сикорский афзуд, ки онҳо мавзӯъи мустақаршавии як бахши сипари мушакии Амрико дар Лаҳистонро низ баррасӣ карданд. Ба гуфтаи вазири хориҷаи Лаҳистон, ҷонибҳо хостори таҳкими эътимоди тарафайн ба хотири коҳиши нигарониҳои Маскав аз бунёди сипари мушакии Амрико дар Аврупо шуданд.

Сергей Лавров дар навбати худ эълом дошт, ки Русия барои идомаи машварат бо Варшава дар робита ба бунёди сипари мушакии Амрико дар Аврупо омода аст. Ӯ гуфт, дипломатҳои лаҳистонӣ пешниҳод карданд, ки ба хотири барқарори сулҳ ва эътимод миёни ду кишвар машваратҳо аз сар гирифта шаванд.

Сергей Лавров гуфт, агар Маскав кафолати мӯътамади таҳдид накардани сипари мушакии Амрико дар Аврупо ба Русияро дарёфт кунад, шояд назараш ба ин қазияро тағйир диҳад.

Сафари раҳбари идораи сиёсати хориҷаи Русия ба Варшава дар ҳоле сурат гирифт, ки Русияву Лаҳистон ҳафтаҳои ахир бо ҳам фақат бо лаҳни дурушт ҳарф мезананд. Дар арафаи сафари Лавров фармондеҳи нерӯҳои мушакии Русия Николай Соловцов бори дигар ҳушдор дод, ки Русия мили мушакҳои худро сӯи Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех равона хоҳад кард. Миёнаҳои моҳи гузашта Анатолий Наговитсин, муовини раиси Ситоди Кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия низ таҳдид карда буд, ки дар сурати барангехтани низоъ қабл аз ҳама ин бахшҳои сипарии мушакии Амрико дар қалавари Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех ҳадаф қарор мегиранд. Ёдовар мешавем, Иёлоти Муттаҳида бо ҳар ду кишвар – ҳам Ҷумҳурии Чех ва ҳам Лаҳистон дар бораи ҷойгиршавии радар ва 10 мушаки боздорандаи “Пэтриот” мувофиқа ҳосил кардааст.

Гуфта мешавад, ки ихтилоф миёни Маскаву Варшава баъд аз пуштибонии Лаҳистон аз Тифлис дар давраи бӯҳрон дар Қафқоз жарфтар шуд. Баъд аз вуруди тонкҳои Русия ба қаламрави Гурҷистон раисҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский ҳамроҳ бо сарони чаҳор кишвари собиқ Шӯравӣ оҷилан вориди Тифлис гардид ва дар гирдиҳамоии сокинони шаҳр суханронӣ кард.

Ва аммо чаро дар ин вазъ Лавров нахустин сафари худ ба Аврупо баъд аз ҷанг дар Гурҷистонро аз Варшава шурӯъ кард? Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар ин сафар Лавров мехоҳад ба қатъи пуштибонии Варшава аз Тифлис даст ёбад. Аз сӯи дигар, Маскав Варшаваро мутмаин карданист, ки ба бунёди лулаи интиқоли гази Русия ба Олмон мухолифат накунад ва дар оянда ба кишвари калидии интиқоли нафту гази Русия ба Аврупо табдил шавад. Зимнан, сарвазири Лаҳистон Доналд Туск ҷонибдори таҳкими равобити иқтисодиву тиҷоратӣ бо Русия аст. Айни ҳол мизони хариду фурӯш миёни ду кишвар тақрибан ба 20 миллиард доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG