Пайвандҳои дастрасӣ

Сардабири қирғиз аз ҳабс озод шуд


Сардабири рӯзномаи мустақили "Сиёсати боз"-и Қирғизистон, Бобурбек Ҷинбеков, пас аз як рӯзи боздошт шуданаш, ба озодӣ баромад. Полис мегӯяд, Ҷинбеков барои насупурдани ҷаримае, ки додгоҳ муақаррар кардааст, боздошт шуда буд. Ин ҷаримаро додгоҳ барои нашри мақолаи танқидӣ дар бораи ҷияни президенти Қирғизистон, Қурманбек Боқиев, таъин кардааст. Ҷинбеков ҳамчун номзади интихоботи шӯрои маҳаллӣ аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдор буд.
XS
SM
MD
LG