Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдоварӣ аз ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001


Иёлоти Муттаҳида имрӯз ҳафтумин солгарди ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябрро ёдоварӣ мекунад, ки бар асари онҳо дар соли 2001 наздик ба 3 ҳазор нафар кушта шуданд. Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Буш, дар соати 8-у 46 дақиқа, айни лаҳзаи бархӯрди ҳавопаймои аввал ба бурҷи шимолии Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат дар Ню Йорк сукут варзид. Ҳарду номзади интихоботи президентии Амрико, аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, сенатор Ҷон Макейн ва аз Ҳизби Демократ, сенатор Барак Обама, дар ҷамъомади мотам дар Граунд Зеро ё холигоҳи манорҳои собиқи маркази тиҷорат ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG