Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё қоматбаландон хушбахттаранд?


Бао Хишун (дар байн) баландқоматтарин сокини Чин буда, қадаш 2.36 метр аст

Бао Хишун (дар байн) баландқоматтарин сокини Чин буда, қадаш 2.36 метр аст

Як таҳқиқи баҳсбарангези маркази Геллап дар Амрико нишон додааст, ки афроди қоматбаланд назар ба кӯтоҳқоматон худро хушбахттар эҳсос мекунанд.

Муассисаи назархоҳии Геллап мегӯяд, маълум кардааст, ки афроди қоматбаланд аз зиндагӣ бештар қаноатманд ҳастанд ва назар ба кӯтоҳқоматон камтар эҳсоси хашму афсурдагӣ ва изтироб мекунанд.

Шояд иддае аз шумо хоҳад гуфт, ки ин иддаъо дуруст нест, зеро қоматбаландони норозӣ аз зиндагӣ ва афроди кӯтоҳқомати қаноатманд низ бисёранд. Вале муассисаи Геллап мегӯяд, зимни назархоҳӣ аксаран қоматбаландон посухи мусбат додаанд.

Албатта баландии қомат замонати хушбахт ва хушҳол буданро намедиҳад ва наметавон гуфт, ҳамаи онҳое, ки қадашон аз як метру ҳаштоду панҷ сантиметр кам нест, хушбахтанд. Вале муассисаи таҳқиқи афкори умуми Геллап мегӯяд, далелҳои зиёдеро ошкор кардааст, ки нишон медиҳанд, қоматбаландон худро хушбахтар меҳисобанд ва аз зиндагӣ бештар лаззат мебаранд.

Муассисаи Галлуп мегӯяд аз 1000 нафар зану мард қаду қоматҳои мухталиф пурсидааст, то ба зиндагии худ аз рӯи ҷадвали даҳбаллӣ баҳо диҳанд. Аз миёни онҳо афроде, ки қоматашон аз 1 метру 77 сантиметр баландтар будааст, худро аз рӯи чанд дараҷа хушбахттар эҳсос мекардаанд. Аз ҷумла онҳое, ки қоматашон баландтар будааст, даромади бештар доштаанд, ки ин ҳам як баёнгари хушбахт эҳсос кардани қоматбаландон арзёбӣ шудааст. Ва дар ҷадвал ҳамчунин мебинем, ки дар миёни афроди қоматбаланд хатмкунандаҳои донишгоҳҳои олӣ бештар ҳастанд.

Аксарияти онҳое, ки аз зиндагӣ ноқаноатманд буда ва бештар шикоят мекардаанд, қоматашон аз ҳадди миёна чандин сантиметр кӯтоҳтар будааст, аммо онҳое, ки танҳо як ё ним сантиметр аз ҳадди миёна қомати кӯтоҳ доштаанд, аз зиндагии хеш қонеъ будаанд.

Муассисаи Геллап мегӯяд, аз мусоҳибонаш на фақат доир ба қаноатмандиву хушбахтиашон суол кард, балки ҳар рӯз аз онҳо пурсид, ки аз эҳсосоти рӯзи гузаштаи худ бигӯянд, ки то чӣ андоза нигарону асабӣ, афсурда ва ё хушҳолу хурсанд будаанд. Шикояти афроди кӯтоҳқомат назар ба қоматбаландон бештар будааст. Аммо муаасисаи Геллап мегӯяд, зоҳиран дигар нишонаҳое ҳастанд, ки чунин тамоюлро нишон медиҳанд ва, масалан, дар Амрико асосан ҷавонон қоматбаланд ҳастанд, зеро бо мурури замон қомати амрикоиҳо назар ба гузашта баландтар шудааст. Аз ин рӯ бешак ҷавонон худро назар ба насли калонсол хушбахт эҳсос мекунанд.

Вале бояд таъкид кард, ки пажӯҳиши мазкур дар Амрико сурат гирифтааст ва албатта авзоъ дар Тоҷикистон наметавонад чунин бошад ва он гуна, ки Саъдии Шерозӣ ҳам гуфтааст, “На ҳарчӣ ба қомат меҳтар, ба қимат беҳтар”.

XS
SM
MD
LG