Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек: сардабири «Де-Факто» нопадид шуд


Чолпон Орозбекова
Чолпон Орозбекова

Дар ҳоле, ки як сардабири нашрияи қирғизӣ аз ҳабс озод шуд, сардабири нашрияи дигар аз пойтахти Қирғизистон ғайб зад.

Бобирбек Ҷиянбеков, сардабири рӯзномаи «Сиёсати ошкоро», чопи Бишкек, 11-уми сентябр аз банд раҳо гардид. Ӯ шоми сешанбе аз тарафи кормандони умури интизомӣ ба ҳабс гирифта шуда буд. Иттиҳомоте, ки ба вай нисбат додаанд, сарпечӣ аз иҷрои ҳукми додгоҳи шаҳр аст. Гуфта мешавад, ки, мувофиқи ҳукми додгоҳ, Бобирбек Ҷиянбеков бояд ба Асилбек Солиев, бародарзодаи президент Боқиев, як миллион сом ҷуброни равонӣ пардозад.
Оқои Ҷиянбеков, дар ҳамин ҳол, аз ҳабс озод шудани худро амри мақомоти болоии кишвараш арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи Бобирбек Ҷиянбеков, порлумони иҷтимоъӣ, ҷунбиши «Барои адолат», ҳизбҳои «Ате мекен» ва «Оқ шумқор», ҳамчунин ҳизби ҷавонони кишвар дар мавриди озодии ӯ талоши зиёд ба харҷ доданд: «Бе шакк, ин талошҳо фишор болои ҳукумат буд, ки маҷбур шуд, ҳақро ба ҳақдор расонад ва манро аз банд раҳо кунанд».
Ба гуфтаи Бобирбек Ҷиянбеков, сардабири «Сиёати ошкоро», ки аз ҳизби сосиал-демократи «Ате мекен» ба мақоми депутати шаҳрдорӣ номзад пешбарӣ шудааст, қонунгузориҳои кишвараш раҳ намедиҳанд, ки бидуни қарори Комиссияи марказии интихобот номзад ба мақоми депутати шаҳрдорӣ ба ҳабс гирифта шавад.
Дар ҳоле, ки сардабири рӯзномаи «Сиёсати ошкоро» аз ҳабс озод гардид, сардабири рӯзномаи «Де-Факто» Чулпон Орозбекова, ки муассиси ин нашрия низ мебошад, шаҳри Бишкекро тарк намуд.
Ч. Орозбекова ба пайвандону ҳамкоронаш гуфтааст, ки вазъиятро муташанниҷ мебинад ва бо дарназардошти амнияти худаш ва аҳли хонаводааш барои чанд муддат аз таъқиби ҳукумат пинҳон хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Чулпон Орозобекова, ӯ дигар наметавонад, нозу карашмаҳои вакилони додгоҳро бардорад, ки амру фармоишҳои раҳбари давлатро иҷро мекунанд, то ӯ паси панҷара нишинад.
Нашрияи «Де-Факто» ба иттиҳоми чопи маводди бардурӯғ ба додгоҳ кашида шудааст. Нашрия бояд 4 миллион сом (114 000 доллари ИМА) ҷарима супорад. Гуфта мешавад, ба далели он ки Чулпон Орозобекова қодир нест, чунин маблағро сари вақт бипардозад, аз Бишкек нопадид шуд.
XS
SM
MD
LG